15 декабр дар Қасри миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки мутобиқи моддаи 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аъзои Ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.
Аъзои Ҳукумат бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми нерӯ ва дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд, Конститутсия, қонунҳо ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, баҳри баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ софдилона хизмат менамоянд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ПАРДОХТИ САРИВАҚТӢ ВА ПЕШГИРИ МАСРАФКОРӢ
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ду бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон






Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба 25 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр идрорпулии Раиси шаҳри Гулистон супорида шуд.
Дар шаҳри Гулистон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, гирду атрофи муассисаҳо ва қитъаҳои вобасташуда ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи андешидани тадбирҳои иловагӣ барои омодагии сокинон ва тамоми соҳаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ярмаркаҳо доир карда мешаванд.













