Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи Амонулло Орифовро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, дорои 200 кати хоб мебошад.
Бино бо маблағи 6 миллион сомонӣ бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгенӣ, нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра муҷаҳҳаз мебошад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт аз нашъунамои пахта дар ҶДММ «Рахшона» боздид намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сардхонаҳо, анбори захираи маҳсулот ва фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз мева дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт шинос шуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар ноҳияи Ашт дидан карданд






Дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза”-ро мавриди истифода қарор доданд.
16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
16 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба коргоҳи нави дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ташриф оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарвариро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» мавриди истифода қарор доданд.















