Матни равон

Имрӯз замоне расидааст, ки моҳият ва мақоми андешаи миллии тоҷикон мавриди омӯзиш ва баррасии ҷавонон қарор гирад. Андешаи миллиро ҷавонон бояд ҳамчун шакли тафаккур, маҷмӯи ғояву шуур, унсурҳои ваҳдату ризоият, ҳувият ва ифтихори миллӣ арзёбӣ карда, ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Чунки маҷмӯи дастовардҳои маънавӣ, ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, ки тоҷиконро дар тӯли асрҳо аз нобудшавӣ раҳо сохта, ба ваҳдату эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намудааст, тараққиёти бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии моро фаро мегирад.

Дастовардҳои сиёсии солҳои охири кишвар, ки дар маҷмӯъ аз ваҳдати миллӣ ва муҳити солими сиёсӣ иборат буда, ҳамчун омили асосии ризоияти ҷомеа ва нишонаи маърифату фарҳанги баланди сиёсӣ арзёбӣ мегардад, ба пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт такони ҷиддӣ бахшидааст.

Зеро сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишвар аз он вобаста аст, ки шаҳрвандон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.

Дар шаҳри Гулистон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, гирду атрофи муассисаҳо ва қитъаҳои вобасташуда ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд.

Ин дафъа бо мақсади ободу хуррам кардани соҳили “Баҳри тоҷик” дар шафати боғи “Темурмалик” то қисмати Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ҳашар гузаронида шуд. Соҳили обанбор тоза карда шуда, инчунин дар қитъаи замини назди соҳили баҳр беш аз 2 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда шинонида шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:659
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2798
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12979
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:37147
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:127499
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10197981

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?