24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи истеҳсоли равғани пахтаро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи истеҳсолии равғани пахта дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи корхонаҳои дорои аҳамияти муҳим маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳдӣ Каримов дар як муҳлати кӯтоҳ бунёд гардидааст.
Корхонаи равған бо мақсади дастрасии аҳолии пойтахт бо маҳсулоти ватанӣ бунёд гардида, соҳибкор азм гирифтааст, ки дар фаровонии маҳсулоти ивазкунандаи воридот фаъолона саҳм гузорад.






24 декабр дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ҳамчунин Корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ — ламинати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фирӯз бинокор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
24 декабр дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи дуюми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат текстайл»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.













