Дар бораи даъвати иҷлосияи бистуми Маҷлиси
вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
- 1. Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум 21-уми октябри соли 2019, соати 09:00 даъват карда шавад.
- 2. Ба баррасии Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шавад:
- 2.1. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №21 аз 03.01.2014 “Дар бораи Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019 дар шаҳр;
2.2. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ;
Мақолаҳои боқимонда...
- КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Пойгоҳи таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздид намуданд






Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон тибқи нақшаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинар-машаварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати корӣ бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, нозироти андоз, раёсати молияи шаҳр, бахши хусусӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъули соҳаи иқтисодиёт ва саноат доир гардид.
Дар майдони назди Хонаи маданияти шаҳраки Чоруқдаррон байни наврасону ҷавонон мусобиқа оид ба шоҳмот доир гардид. Дар он беш аз 30 нафар шоҳмотбозони наврасу ҷавон фаъолона иштирок намуданд.
Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон маҳфили бонувон таҳти унвони “Нақши зан дар ҷомеа” бо иштироки фаъолзанони маркази шаҳр баргузор гардид. Муовини раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Санавбар Нуриллоева маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид. 













