Дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Гулистон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон тантанаҳои идона бо иштироки намояндагони корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, ҷамоати шаҳракҳо, сокинон ва меҳмонони зиёди маркази шаҳр баргузор гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик карда, оид ба дастовардҳои ҷавонони гулистонӣ сухан ронд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ дар вилоят Фирдавс Бойматов табрикоти Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро манзури гулистониён намуд. Зикр гардид, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст. Беш аз 34 дарсади теъдоди сокинони шаҳри Гулистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо бо рӯҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият доранд. Ҳоло ҷавонони гулистонӣ дар донишгоҳҳои олии вилояти Суғд беш аз 500 нафар, дар муассисаҳои олии берун аз кишвар беш аз 50 нафар ва дар донишгоҳҳои олии пойтахти мамлакатамон зиёда аз 80 нафар аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсил доранд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГИ ҶОМЕА ВА ҶАВОНОН
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, Раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Мирослав Лайчак мулоқот намуданд
- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ мулоқот намуданд






Ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонон дар кӯчаи Истиқлоли маркази шаҳр аз майдони тозабунёди шуъбаи маориф роҳпаймоии ҷавонони гулистонӣ то Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат!” бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот, осоишгоҳҳо, коллеҷи тиббӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ибтидо беш аз 100 нафар варзишгарони гулистонӣ ҷоизадорони мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ, инчунин ғолибони мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳр дар даст шиору парчамҳои идона бо нидои мутантани “Шараф ба Пешвои миллат!” қадамзанӣ намуданд. Сипас гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр, иштирокчиёни фаъоли ҳафтаи худидоракунӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, гирандагони Стипендияи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар даст шиору овезаҳои “Ҷавонон неруи созандаи миллат!” “Шараф ба ҷавонони саодатманди даврони истиқлолият!” бо эҳсоси баланди худшиносиву садоқатмандӣ ба Ватану сулҳу суботи кишвар роҳпаймоӣ намуданд.
Ҷавонони ғаюру далери кишвар!















