28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот анҷом доданд.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона доир гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ нақши хоссаи нахустин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар ин раванд махсус қайд карданд.
Зимнан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози итминон намуданд, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони «Куруши Кабир»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд
- ПОРТРЕТ НЕГОДЯЯ (Послесловие к моей публикации на ФБ «Так дальше жить нельзя!» от 12 мая 2019 г)






28 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар идомаи боздиди корӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони назди Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат дидан карданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварданд.














