Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди оммавияти варзиш дар шаҳру шаҳракҳои Гулистон велемарафон ва дави миллӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи велемарафон ва дави миллӣ Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода суханронӣ намуда, ҳамагонро бо баргузории дави миллӣ ва иди Рӯзи ҷавонон шодбош намуд. Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои инкишофи варзиш дар шаҳру шаҳракҳо диққати ҷиддӣ дода, баҳри дастгирии амалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиду мувофиқ тамоми чораҳову тадбирҳоро меандешад. Бунёд ва таъмири иншооти варзишӣ аз қабили майдонҳои варзишӣ ва фароғатӣ барои кӯдакону наврасон дар маҳаллаҳо, таъмири капиталии толорҳои варзишии муассисаҳои таълимӣ, ҷиҳозонидани толорҳо бо таҷҳизоти варзишӣ ва ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои дастгирии молиявии варзишгарони гулистонӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои гуногун гувоҳи ғамхории рӯзафзуни соҳаи варзиш мебошанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» иштирок намуданд
- ЗАБОН ДАР ПАНОҲИ ДАВЛАТ АСТ
- СОҲИБИ ҶОЙИ КОР ВА МАОШИ ХУБ






Дар сарчашмаҳои таърихии фарҳанги мо зикр гардидааст, ки ду амал метавонад сарнавишти инсонро дигар намояд. Яке дуову дигар хайру саховат, яъне дасти имдод дароз намудан ба шахсони дигар. Воқеан, саховат нишонаи ҷавонмардӣ ва соҳибдиливу инсони комил будан мебошад. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷомеаи мо бо ҳидоятҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша барои дастгирии ашхоси ниёзманд камари ҳиммат баста, ин амали хайри инсонӣ пайваста ба иҷро расонида мешаванд.
Дар толори Мактаби санъати шаҳри Гулистон дар доираи моҳвораи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон байни толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид, ки дар он дастаи «Чоргонаи хандонак»-и Адрасмон, дастаи «Comedy Чоруқ»-и Чоруқдаррон, дастаи «Табассум»-и Консой ва дастаи толибилмони МТМУ №14 иштирок варзиданд. 















