Дар ҳудуди шаҳри Гулистон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар мавзӯи «Ваҳдат-сарчашмаи сулҳу суботи кишвар» муташаккилона Рӯзи ягонаи хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ ба роҳ монда шуд. Дар баргузории хониши сиёсӣ тарғиботчиёни маҳаллӣ ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ маърӯзаҳо карданд. Дар шаҳракҳо бошад хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ ба роҳ монда шуд. Зикр гардид, ки муҷиби сарфарозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гардид ва дар тӯли 22 соли сипаришуда хадафмандӣ ва устувории бештареро, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар арсаи байналмилалӣ баҳри рафъи ихтилофот касб намуд.






Тибқи нақшаи чорабинии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, бо мақсади таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа ва мубодилаи таҷриба байни мақомоти кор бо занон ва оила чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ таҳти унвони «Корвони модарони Ваҳдатсаро» дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Меҳмононро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва сокинони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” дар даромадгоҳи шаҳри Гулистон гарму ҷӯшон истиқбол намуданд.
Дар толори ҷамоати шаҳраки Консой бо иштироки раисони маҳаллаҳо, бонувон ва ҷавонони фаъоли шаҳрак вохӯрии сардори шуъбаи РКДАМ-и шаҳри Гулистон Хаёл Ҳакимов оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб, муқовимат бо терроризму экстремизм, таҳкими ғояи миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ доир гардид.
Ба ифтихори 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар корхонаи “Апрелевка” якҷоя бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ҳамоиш таҳти унвони “Поянда бод – Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Ҳамоишро директори генералии ҶМТКММ “Апрелевка” Бахтиёр Маҷидов бо сухани муқаддимавӣ кушод. Сипас раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, раиси ҷамоати шаҳраки Консой Сайдуллои Баҳодур перумони Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ суханронӣ намуданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти масъулин бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбӣ доир гардид.














