16 Ноябр 2018
Ҷустуҷў ва дарёфти роҳҳои гуногуни ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар ҳамоно бо вусъати азим, бо истифода аз тамоми имконоти дохилии мамлакат, бо ҷалби сармоя ва ширкатҳои хориҷӣ, бо такя ба қудрати бузурги халқ, ки муроҷиати пешвои худро дар мавриди ҳалли мушкилоти неруи барқ, хусусан бунёди неругоҳи барқии обии Роғун бо самимияти комил истиқбол намуданд, хамоно идома дорад. Давраи нав - давраи пайрезии шабакаи мустақили интиқоли он ба хориҷи кишвар оғоз ёфт, ки пешрафтҳои Тоҷикистонро дар самти иқтисодиёт ва неруҳои тавлидотии кишвар аз суръати бесобиқа бархурдор хоҳад кард.
НБО Роғун на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа ҳаётан муҳим буда, рушду инкишофи иқтисодиёт, беҳдошти рўзгори мардуми кишвари мо ба он сахт алоқаманд аст.
Сарвари давлат ба тамоми ҳамватанони азизамон, муроҷиат карда, бо итминони комил изҳор дошта буданд, ки «бо бунёди Роғун мо имрўзу фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем». Зеро Роғун манбаи ҳамешагии нур буда, он Тоҷикистонро дар оғўши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод.
Роғун ободиву сарсабзии имрўзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рўшноиву гармии шабонарўзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад. Роғун воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад.
Нерўгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи нерўгоҳхои руди Вахш аз боло нўҳум буда, 110 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Давраи тайёрии сохтмони нерўгоҳи Роғун ҳанўз соли 1976 оғоз ёфта буд. Иртифои лоиҳавии сади он 335 м. хоҳад буд ва дар замони ҳозира аз ҳама баландтарин сади маснўӣ ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми пурраи обанбори нерўгоҳ 13,3 млрд. мукааб ва иқтидори он 3600 мвт буда, иборат аз 6 чарха аст, ки қудрати ҳар кадомаш 600 мвт. мебошад.
Баробари сохта ба истифода додани ҳарду нерўгоҳ дар заминаи қувваи барқи арзони истеҳсоли ватанӣ даҳҳо корхонаҳои дигари истеҳсолӣ пайдо мешаванд, ки онҳо метавонанд захираҳои ғании канданиҳои фоиданокро ба манфиати халқу кишвар ба истифода диҳанд.
Собиқ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун чун раҳбари бонуфузтарин ниҳоди байналмилалии ҳамгироии мамолики ҷаҳон бо дарки аҳамияти тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон аз сиёсати давлат дар ин бахш истиқбол намуда, омодагии ҷомеаи ҷаҳониро барои баррасии лоихаи ин иншооти бузурги аср изҳор дошта буд: «Мо аҳамияти бунёди неругоҳи Роғунро барои Тоҷикистон хуб мефаҳмем ва омода ҳастем, ки онро ба таври амиқ баррасӣ намоем, мардум бояд ба неруи барқ дастрасии кофӣ дошта бошанд».
Умуман, Роғун ҳамчун нерўгоҳи барқи обӣ на танҳо барои меҳани мо нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфахмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашидааст.
Имрўз, ки НБО-и Роғун ба фаъолият оғоз менамояд, тангназарону кўрдилоне, чун террористони наҳзатӣ ва пайравону дастнигарони онҳо аз рашку ҳасуд сўхта мемуранд ва нолаю оҳашон ба осмони ҳафтум мехезад. Чунки онҳо ҳеҷ гоҳ ин гуна рўзҳои некро барои мардуми Тоҷикистон дидан намехоҳанд.
Бо вуҷуди ин дар баробари мардуми Тоҷикистон мардумони дигари Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон ҳам шоду масруранд, зеро ин неругоҳ ва обанбор мушкилоти ононро ҳам осон менамояд. Вале намояндагони ТТЭ ҲНИ ва дигар душманону бадхоҳони давлату миллати мо рўзи гиряву мотам доранд.
Нодири ҚОДИР,
таҳлилгар