Матни равон

Дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда суханронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор намуданд, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ дар зарфи даҳсолаҳои гузашта, ҳарчанд ки аз як тараф, ба тавсеаи робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ миёни кишварҳо ва ҳамгироӣ байни минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат намуд, вале, аз ҷониби дигар, барои сокинони сайёра мушкилоти зиёдеро ба бор овард.

Дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ иштирок намуданд.

Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ мувофиқи маълумоти пешакӣ наздик ба 6000 нафар варзишгар аз 62 давлати Осиё ва Уқёнус иштирок менамоянд.

Дар Боғи “24-солагии Истиқлолият”  Рӯзи шаҳр бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкитлот, идораву муассисаҳо, сокинон, меҳмонони сершумор ботантана таҷлил карда шуд. Дар шафати Боғ намоиши шавқангези дорбозони истаравшанӣ  ба гулистониён манзур гардида, дастпарварони мактабҳои мусиқӣ ва рассомии бахши фарҳанг бошад ҳунару маҳорати хешро дар навозиши асбобҳои мусиқӣ ва расмкашӣ ба иштирокдорони чорабинии идона дар гулгаштҳои боғ пешкаш намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни табрикоти гулистониён ба муносибати рӯзи шаҳр зикр намуд, ки пас аз таҷлили бошукӯҳи Иди бузурги миллиамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ таҷлили рӯзи шаҳрамон, ки дар даврони соҳибистиқлолият ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид, идомаи мантиқии шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати Истиқлолият мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди корхонаҳои саноатии шаҳр аз 13 адад ба 30-то расида, номгӯи маҳсулотҳои истеҳсолӣ аз 13 номгӯй ба 82 номгӯй баробар шудааст. Агар 26 сол муқаддам корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми сол ба маблағи қариб 9 миллион сомонӣ маҳсулотҳои саноатӣ ва ниёзи мардум истеҳсол намуда бошанд, пас алъон ин нишондиҳанда дар охири соли 2016-ум ба 2,1 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса 238 маротиба зиёд шудааст.

Мутобиқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон гурӯҳи таблиғотӣ дар ҳайати раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода, Солеҳ Завқизода – директори маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадуллоев Зубайдулло–мудири бахши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Зайтметов Ҳусейн–устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои психологӣ, Шарипов Шавкат–устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих, сардори шуъбаи гулистонии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҳакимов Хаёл, прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи якум Абдуллозода Абдулло, раиси суди шаҳри Гулистон Ёдгорзода Наргис, сардори ШВКД шаҳри Гулистон Мирзозода Хуршед, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Шарипов Манучеҳр ҷиҳати тавзеҳ, тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» силсилаи вохӯриву мулоқотро бо сокинон, ҷавонон ва намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳои азими саноатӣ доир намуд.

Дар толори калони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи корӣ доир ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа ба вуқўъ пайваст.

Дар он сардори шуъбаи гулистонии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд Хаёл Ҳакимов, прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи якум Абдулло Абдуллозода, сардори ШВКД шаҳри Гулистон, полковники милитса Хуршед Мирзозода, раиси суди шаҳри Гулистон Наргис Ёдгорзода ширкат варзиданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3213
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2896
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13147
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:11268
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8755995

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?