Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода машварати корӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр зимни баромади худ оид ба дастуру супоришҳои фардосози дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкидгардида, фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба тавзеҳи Паёми Сарвари давлат, вазъи андозу молия, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кушодани коргоҳҳои нав, танзими омор, вазифаҳо дар соҳаи иҷтимоиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, вазъи бозор, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ сухан ронд.
Ба мутасаддиёни нуқтаҳои савдо ва бозорҳо ҷиҳати ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, таъмини либоси ягона, воридоти маводи хушсифат, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва танзими нарх супоришҳо дод. Ҳамзамон пурсиш аз фаъолияти зерсохторҳо ва ҷамоати шаҳракҳо ба вуқӯъ пайваста, зикр гардид, ки фаъолият аз ибтидои сол дар раванди эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ густариш ва таҳким бояд дода шавад.






Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
21 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви Лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
















