Басо рамзист, ки дар рўзҳои тантана ва таҷлили 19-умин солгарди Иди Ваҳдати миллӣ шаҳри Гулистон боз соҳиби як ҷаридаи ҳамноми худ «Гулистон» шуд, ки муассисаш шуъбаи маорифи шаҳр маҳсуб ёфта, ҳамчунон, ки аз матолиби нахустшуморааш бармеояд ҳадаф аз таъсиси моҳвора инъикоси ҳаматарафаи соҳаи маориф, кору бори устодони макотибу муассисаҳои томактабӣ буда, ҳамзамон бархўрдор кардани аҳолӣ аз навтарин иттилооти иҷтимоиву фарҳангист.
Шумораи нахустини «Гулистон» бо акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҳотаи насли ояндасози миллат- наврасону кўдакон ва шодбошии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба арҷгузории Рўзи Ваҳдати миллӣ ба дасти хонандагон расид.
Муҳарририи моҳвораи «Гулистон» ба дўши адибаи хушсалиқа Фарзонаи Зарафшонӣ вогузошта шуда, дар ин ҷода барояш аҳли қалами нашрияи «Соҳил» омадҳои эҷодӣ хоҳон аст.