Матбааи ҶДММ «Тоҷирият» чанде пеш таҳти ин унвон маҷмўаи шеърҳои омўзгори фанни таърихи МТМУ №10-и шаҳраки Зарнисор Хайриддин Аҳмадзодаро бо теъдоди 100 нусха аз чоп баровард.
Меҳри фарзанд бар волидайн, муҳаббати падару модар бар ҷигарбанд, ишқу ҷавонӣ, зебоиҳои нотакрори табиати диёр аз мавзўъҳои асосии маҷмўаи «Заррезаҳои Зарнисор» ба ҳисоб рафта, ба маҷмўа адиби шинохта Ҷўра Юсуфӣ пешгуфтор навиштааст.






Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва тибқи нақшаи ҷадвали МИҲД-и вилояти Суғд аз 6-уми июл нишасти матбуотии раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори Рӯзи кормандони сӯхторнишонӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо иштироки ҷомеаи меҳнатии Қисми Мустақили 37-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ҷаласа доир гардид.
Дар Кохи фарҳангии Истиқлоли шаҳри Гулистон даври шаҳрии Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017» баргузор гардид.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии фарҳангии «Шоми ҷавонӣ» бо иштироки санъаткорони бахши фарҳанги шаҳри Гулистон баргузор гардид.













