Тибқи нақшаи чорабини- ҳо дар колллеҷи тиббии шаҳр озмунҳои «Арӯси наврӯзӣ», иншонависӣ дар мавзӯи «Наврӯзи байналмилал», олимпиадаи фаннӣ ва монанди ин дар сатҳи баланди ташкилӣ ба вуқӯъ пайваста, мизи мудаввар дар мавзӯи «Таърих ва анъанаҳои наврӯзӣ» гузаронида шуд.
Ҳамзамон, таълимгоҳ бо овезаҳову шиорҳо ва рамзҳои наврӯзӣ оро дода шуда, намоиши марғуби театрикунонидашудаи «Наврӯзи диёри офтобӣ» барпо гардид.






Рӯзи 11-уми март дар мамлакат Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд. Ин санаро ҳамасола аҳли қаламу фарҳанг ҷашн мегиранд. Ин сана ба рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо унвони «Бухорои шариф» пайванд аст.
Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» бахшида ба Рӯзи модар чорабинии тантанавӣ доир гардид.














