Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми ҳафт моҳи соли равон ба маблағи 1 миллиарду 882 миллиону 041,2 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи 125,8 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдои чакана дар шаҳр 27057,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 105,9 фоиз мебошад.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 38773,4 ҳазор сомониро ташкил дода, он баробари 100,8 фоиз аст. Дар ин давра дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 609 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.






Тибқи дастури Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода гурўҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода дар ҳайати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, мудири шуъбаи маориф, мудирони бахши нақлиёт ва коммуникатсия, саноат ва энергетика, меъморӣ ва ҳифзи муҳити зист ба шаҳраки Чоруқдаррон сафари корӣ анҷом дода шуд.
Тибқи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода зимни боздид аз шаҳраки Адрасмон роҷеъ ба вусъати корҳои созандагӣ дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти тобеи он, ҷамоати шаҳрак барои ободони шаҳраки кўҳканон тадбиру чораҳои мушаххас амалӣ мегарданд.














