Дар рӯзи аввали сафар ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии "Палос"-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории КДК «Палос» дар Ҷамоати шаҳраки “Палос”-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.






Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Истиқлол оғоз гардид.
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 - умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воҳидҳои сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ намуданд.
Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои оммавӣ - мудофиавӣ ва таблиғоти корҳои ҳарбӣ ватанпарастӣ байни ҷавонону наврасон, омода намудани ҷавонони синни тодаъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бештар ҷалб намудани онҳо ба намудҳои варзиши техникӣ ва ҳарбӣ-амалӣ, Кумитаи шаҳрии ТҶММ бо дастгирии шуъбаи маориф, комиссиарити ҳарбӣ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба соли 2017 - Соли ҷавонон мусобиқаи ҳарбӣ-варзиши «Шафақ-2017»-ро дар байни хонандагони синфҳои 10-11 баргузор намуданд.














