Бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷик дар Кохи Истиқлол бо иштирок раиси шаҳри Гулистон муҳтарама Сатториён Матлубахон Амонзода ва фаъолон чорабинии ботантана баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раиси шаҳр кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон таҳният намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки мақомоти корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сўхтор вогузор карда шудааст.







Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии “Кӯли Варзоб”, сохтмони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Дуои Модар” ва корҳои созандагӣ дар мавзеи “Сафед-дара” шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва огоҳ намудани аҳолӣ аз моҳияти тағйиру иловаҳо ба Кодекси Оилаи ҶТ аз ҷониби мудири бахши САҲШ-и шаҳри Гулистон ва мудири баъши кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и шаҳр дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ва Консой вохўрӣ ташкил карда шуд. Дар ин вохўрӣ мудири бахши САҲШ Н.М.Ҷўраева перомуни ҳуқуқи оилавӣ, манъи никоҳи хешутаборӣ ва ҳатмӣ будани муоинаи тиббӣ барои никоҳшавандагон, инчунин дарёфт ва кам кардани шаҳрвандоне, ки шаҳодатномаи таваллуд барои фарзандони ноболиғи худ нагирифтаанд, баромади муфассал намуда, аз аҳамияти виҷа бархурдор будани масъалаҳои мазкур дар зиндагии мардумро тазаккур дод.














