Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи фаъолони шаҳри Гулистон вобаста ба баррасии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми се моҳи аввали соли 2017 баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Абдуаҳад Ҳакимзода роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ дар давоми семоҳа маърўзаи муфассал намуд.
Дар муҳокимаи маърўза Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода нахуст аз номи худ ва Раиси вилоят онҳоеро, ки дар ташаккули соҳаи саноат ва дигар самтҳои хоҷагии халқ саҳми босазо гузоштаанд, ташаккур намуд. Ҳамчунин таъкид сохт, ки мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон фаъолияти худро дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар асоси Қонуни констутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Амру Фармонҳои Президенти кишвар, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, бо як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гарид.






Дар Кохи фарҳанги «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» маҳфили адабии «Китоб – сарчашмаи нури маърифат» бо иштироки адибони шинохтаи кишвар Алӣ Бобоҷон, Ҷўра Ҳошимӣ, Нависандаи халқии Тоҷикстон Муҳиддин Хоҷазод, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, кормандони Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Амиҷон Шукуҳӣ, омўзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.














