Дар шаҳри Гулистон гурўҳи корӣ ҷиҳати шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон беш аз 15 мулоқот баргузор намуданд.
Ба ҳайати гурўҳи корӣ Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода, мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода, муовини прокурори вилояти Суғд Мирзоамон Рофизода, прокурори шаҳри Гулистон Абдулло Абдуллозода, сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Гулистон Хаёл Ҳакимов, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Гулистон Баҳром Саидзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Каромат Қосимова шомил буданд.






Тағйирот ва равандҳои глобалии солаҳои охир ба манбаъҳои обӣ таъсири бузург расониданд. Вобаста ба ин, об ба яке аз масъалаҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва сулҳ табдил ёфта истодааст. Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки давлатҳои ҷаҳон дар ҷараёни танзими захираҳои об рўҳияи ҳамкорӣ, сабру таҳаммул, шаффофият ва эҳтироми ҳамдигарро риоя кунанд, то ин ки ба даст овардани рушди устувор ва ҳифзи муҳити атроф барои наслҳои оянда таъмин гардад. Мавҷудияти муносибатҳои гуногуни ҳамкорӣ дар масъалаҳои истифодаи об дар ҳавзаҳои зиёда аз 263 дарёҳои сарҳадгузар, ки 60 фоизи захираҳои оби тозаро дар ҷаҳон ташкил медиҳанд гувоҳи он аст, ки маҳз об сарчашмаи асосии ҳам некўаҳволии одамон ва ҳам амнияти минтақавӣ мебошад. Ҳатто дарёҳое, ки марзҳои миллиро убур мекунанд онҳо низ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ аҳамияти муҳими стратегӣ доранд. Дар баробари ин, коршиносон имрўзҳо баъзе аз муноқишаҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷанги Лубнонро марбут ба об медонанд.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр қариб дар 50 корхонаву ташкилот, идораву муассиса ва шаш Ҷамоати шаҳракҳо рўзи панҷшанбе рўзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзўи “Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа ба ояндаи дурахшон” доир гардид.














