Матни равон

Семинари таҷрибаомӯзӣБо ибтикори шуъбаи маорифи шаҳр дар МТМУ-и №1 бо иштироки ҷонишинони директор оид ба корҳои тарбиявӣ семинар доир гардид. Ҷонишини директори МТМУ-и №1 Муҳаббат Кӯзиева, мушовири шуъбаи маориф оид ба корҳои тарбиявӣ Фазилат Фаридунова, мудири кабинети методии шуъбаи маориф Зебо Шокирова дар мавзӯҳои «Ҳуҷҷатнигорӣ», «Муносибати роҳбари синф ва омӯзгорон бо хонандагон» ва «Омӯзгор ҳам педагог ва ҳам психолог» суханронӣ намуданд.

Дар дарсҳои соати тарбиявии омӯзгорон Хайринисо Иброҳимова ва Ҳоҷалой Комбоева доир ба мавзӯҳои «Оила асоси давлат», «Дониш хоҳӣ, китоб хон» ҳузурдоштагони семинар ширкат варзиданд. Шиносоӣ бо маҳфилҳои доимоамалкунандаи «Гилембофӣ», «Рӯзгордорӣ», «Дастони моҳир» низ басо ҷолиб буд.

Сарпарасти ғамхорСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш ба маҷлиси Олӣ таъкид дошта буд:

«Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз намегузорад, ки ятимону ниёзмандон хору зор шаванд, худро дар зиндагӣ яккаву танҳо, бепарастор ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд».

Боиси хушнудист, ки пайравони ин гуфтаҳои неки Президенти мамлакат дар ҷомеа зиёданд. Ашхоси саховатпеша ва тоҷирону соҳибкорон амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориву кумаки худро нисбат ба эҳтиёҷмандон ба таври доимӣ роҳандозӣ мекунанд.

Қайроққум дар фазои иттилоотӣДастоварди тозаи насри тоҷик

«Паёми Суғд», №9, 2015

Маводи таҳлилии адабиётшиноси маъруфи шинохта Атахон Сайфуллоев оид ба асари нави Анвар Мирзоҳакими Олим «Дар паноҳи чашмҳо», ки қиссаи мустанад аст, рӯи чоп омадааст. Тавре А.Сайфуллоев ишора мекунад муаллиф баробари рӯ овардан ба ҳаводиси рӯзгор ва манзараҳои гуногунмазмуни ҳаёт, ки ҳама инъикоси ҳақиқати таърихӣ, воқеияти реалӣ мебошанд, инчунин нависанда аз заминларзаи Қайроққум ва ҷанги бемаънии тоҷикон ёдовар шудааст.

Фикри муфиде ба миён меояд, ки инсон дар муҳити ҳаводиси табии харобиовар ва ҷанги оламсӯз ҳеҷ аст, қадру қимате надорад. Аз ин лиҳоз ба қадри ҳаёти осоишта расида, ба ҷойи хусумату қудурат ва душманӣ дӯстию муҳаббат варзидан беҳтар аст. Қиссаи «Дар паноҳи чашмҳо» яке аз беҳтарин бозёфтҳои насри муосири тоҷик аст.

«Афкор»-и ТВС дар соҳили Баҳри ТоҷикБа хотири дӯстдорӣ ва ифтихор аз миллату давлат нафарони соҳибдил либоси миллӣ ба бар мекунанд. Дар ин раванд ҳини вохӯрӣ бо зиёиёну намояндагони аҳли илму адаб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намуда буд:

«Имрӯз мову шумо бояд тавре меҳнат кунем, ки фардо бо сари баланд тавонем ба чашми фарзандон нигарем. Назди халқ ва таърих сарафканда набошем».

«Сулҳ ба ҳама» дар коллеҷи тиббӣДар Кохи «Истиқлол»-и шаҳри Қайроққум бахшида ба Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷроиши вазифагузории Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба гузаронидани аксия таҳти унвони «Сулҳ ба ҳама» Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» ва КИ ҲХДТ бо ҷавонони Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳри Қайроққум вохӯрӣ гузаронид.

Дар вохӯрӣ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум Қосимова Каромат Маҳмудовна, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҳомидова Мадина Иброҳимовна, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи коллеҷи тиббии шаҳри Қайроққум-Абдуҷабборова Зебунисо Оқиловна, сармутахассиси шӯъбаи масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Беков Фахриддин Холмаҳмадович иштирок намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:341
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2180
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8553
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12508
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:23017
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8367590

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?