Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
24-уми ноябр тамоми тоҷикистониён боз як ҷашни таърихӣ, рӯзи саиду саодатбахш – Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тоҷикистониён соли ҷорӣ ҷашни ҳумоюни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакати худро бо рӯҳбаландии бузург ҷашн гирифтанд. Имрӯз бошад мо Рӯзи яке аз рамзҳои асосии давлатамон – Рӯзи Парчами миллиро ҷашн мегирем.
Дар таърихи ҳар миллату давлат воқеаҳо ва рӯйдодҳое ҳастанд, ки омӯзишу баррасии онҳо барои имрӯзиёну ояндагон чун сабақеву панде хизмат карда, дар шинохти асолати миллӣ, баҳамоиву худогоҳӣ сарчашмаи боэътимод ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, дар баробари Суруди Миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ – Парчами давлатӣ низ барои мардум муқаддас аст. Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чунки ҳар ҷо Парчам афрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Аз ин рӯ Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки «Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони Истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад».






Дар маркази шаҳр ва шаҳракҳои Гулистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ баргузор шуд.
Рӯзи 17-уми ноябри соли 2016 дар қаламрави шаҳри Гулистон Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Парчам- рамзи давлатдорӣ ва ҷовидонии миллат».
Дар толори маркази фароғатии «Соҳил» бахшида ба Рӯзи милитсия чорабинии тантанавӣ баргузор гардмид. Раиси шаҳри Гулистон матлубахон Амонзода ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Гулистонро ба муносибати иди касбиашон муборакбод намуда, зикр кард, ки роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои зарин навишта шудааст.
Даври якум ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон» дар шаҳри Гулистон ба анҷом расид. Даври якуми озмун дар муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардида, дар давраи дуюми озмун (шаҳрӣ) омӯзгорон аз аз муассисаҳои таълимии № 1, 3, 5, 7, 8, 10, 12, 13, 14 ва гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.














