Дар Боғи фарҳангиву фароғатии 24-солагии Истиқлолият ҷашни ботантанаи Иди байналмилалии Наврўз-2017 бошукўҳ таҷлил карда шуд. Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо ҳамроҳии намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдукарим Абдуалимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аюбҷон Раҳматзода аз хаймаҳои наврўзии ҷамоату корхона, ташкилоту муасиссаҳо дидан намуданд.
Дар қисми расмии чорабинӣ сараввал Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдукарим Абдуалимзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аюбҷон Раҳматзода аз номи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ сокинони шаҳри Гулистонро ба муносибати Иди байналмилалии Наврўз табрику муборакбод намуданд.






Дар рўзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврўз-2017 ба 4 нафар собиқадорони меҳнат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Гулистон ҳадяпулиҳои наврўзӣ тақдим карда шуд. Инчунин 250 нафар оилаи камбизоат, шахсони яккаву танҳо аёдат карда шуда, ба онҳо маводи хўрока дастрас гардиданд.
Дар ҷамоат, корхонаву муассиса ва идораҳо озмуни «Кадбонуи беҳтарин» гузаронида шуда, дар давраи шаҳрии он 13 нафар кадбону иштирок намуданд. Кадбонуи МТМУ №1 созовори ҷойи аввал гардида, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифт.
Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд:«Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумаки суроғавӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад. Ҳамчунин, масъулонро зарур аст, ки барои беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд».














