Дар баробари соҳаҳои дигари иҷтимоӣ тандурустӣ низ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумату давлат ва бевосита Сарвари кишвар буда, ба он аҳамияти хосса зоҳир карда мешавад. Тиб яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, ба он диққати бештар намудан беш аз пеш афзудааст, зеро ин соҳаест, ки бевосита ба сиҳатии омма сарукор дошта, кормандони он ҳамаи кўшишу талошҳои хешро баҳри пешгирии мардум аз ҳаргуна бемориҳову ҷисман солим нигоҳ доштани кулли шаҳрвандон равона кардаанд.
Тандурустӣ ва масоили марбут ба он дар Паёми ироагардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор гирифт, ки ин гувоҳи соҳаи афзалиятнок будани он аст. Соҳаи тандурустӣ дар солҳои охир ташаккули бомаром намуда, ҳамасола барои бунёд, таҷдиду тармими иншооти соҳаи тиб ва харидорӣ намудани таҷҳизоти наву муосири табобатӣ маблағҳои калон равона мегардад.






ДУШАНБЕ, 28.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2017 ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ дар ҳайати муовини Раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзозода, муовини Прокурори вилояти Суғд М. Рофизода, прокурори шаҳри Гулистон А. Абдуллозода, мудири бахши иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Гулистон И. Мадализода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон К. Қосимова, сардори шўъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Гулистон Х. Ҳакимов, муовини сардори шўъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистон Б. Саидзода дар шаҳрак ва ҷамоату деҳаҳои сераҳолии шаҳри Гулистони вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Тибқи нақшаи таҳияшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон вохўриҳо дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраки «Консой», «Чоруқдарон», «Сирдарё», «Зарнисор», урдугоҳи «Шоҳин», «Шабакаҳои барқии вилояти Суғд», Кохи «Истиқлол», Коллеҷи тиббӣ, осоишгоҳи «Баҳористон», толори туйхонаи «Муслим»-и шаҳраки Адрасмон доир гардиданд.
Дар шаҳри Гулистон гурўҳи корӣ ҷиҳати шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон беш аз 15 мулоқот баргузор намуданд.
Тағйирот ва равандҳои глобалии солаҳои охир ба манбаъҳои обӣ таъсири бузург расониданд. Вобаста ба ин, об ба яке аз масъалаҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва сулҳ табдил ёфта истодааст. Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки давлатҳои ҷаҳон дар ҷараёни танзими захираҳои об рўҳияи ҳамкорӣ, сабру таҳаммул, шаффофият ва эҳтироми ҳамдигарро риоя кунанд, то ин ки ба даст овардани рушди устувор ва ҳифзи муҳити атроф барои наслҳои оянда таъмин гардад. Мавҷудияти муносибатҳои гуногуни ҳамкорӣ дар масъалаҳои истифодаи об дар ҳавзаҳои зиёда аз 263 дарёҳои сарҳадгузар, ки 60 фоизи захираҳои оби тозаро дар ҷаҳон ташкил медиҳанд гувоҳи он аст, ки маҳз об сарчашмаи асосии ҳам некўаҳволии одамон ва ҳам амнияти минтақавӣ мебошад. Ҳатто дарёҳое, ки марзҳои миллиро убур мекунанд онҳо низ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ аҳамияти муҳими стратегӣ доранд. Дар баробари ин, коршиносон имрўзҳо баъзе аз муноқишаҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷанги Лубнонро марбут ба об медонанд.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр қариб дар 50 корхонаву ташкилот, идораву муассиса ва шаш Ҷамоати шаҳракҳо рўзи панҷшанбе рўзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзўи “Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа ба ояндаи дурахшон” доир гардид.













