Санаи 22 январ тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзӯи «Паёмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳнамо ба сӯи фардои ободу дурахшон» дар толори муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии шаҳри Қайроққум рӯзи ягонаи ахбор муташаккилона ба вуқӯъ пайваст.
Дар хониши сиёсӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори ширкати давлатии суғуртаи вилоят Б. Юлдошев, декани факултаи педагогикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Х. Сабуров, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ А. Одинаев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр И. Мадализода иштирок ва баромад намуда, доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухаронӣ намуданд.






Қайроққум, 13.01.2016. ( АМИТ “Ховар”).-Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум бо иштироки рӯзноманигорон нишасти хабарӣ баргузор гашт. Зимни он раиси шаҳри Қайроққум Сатториён Матлуба Амонзода нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро ба риштаи таҳлил кашида, таъкид намуд, ки дар ин давра нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар сатҳи дилхоҳ рушд намудаанд.
















