Матни равон

Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурўҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода, дар Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот ва муассисаву идораҳо барои шарҳи Паёми Пешвои миллат ҷамъомаду мулоқот, вохўрию суҳбатҳо роҳандозӣ мешаванд.

Дар толори КАТС бо кормандони соҳаи тандурустӣ ҷамъомади судманд баргузор гардид. Дар ҷамъомад мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Саида Ғоибова, менеҷери сохтори госпиталӣ Гулсанам Сармусоқова, сармуҳаррири рўзномаи «Соҳил» Абдуманнон Одинаев оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ андешаҳои хешро иброз намуда, таъкид доштанд, ки Паёми имсола ҳама самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакатро таҳлил намуда, вазифаҳои навбатиро бо мақсади рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар барои ноил шудан ба зиндагии шоистаи мардум ва рушди босуботи Тоҷикистони азизамон муайян намуд.

Нерўгоҳи барқи обии «Дўстии халқҳо»-и шаҳри Гулистон барои фаъолияти самарабахшу бенуқсон ва ноил шудан ба нишондиҳандаи беҳтарини истеҳсолӣ, ба муносибати 80-солагии энергетикаи тоҷик ҳамчун нерўгоҳи барқистеҳсолкунандаи беҳтарини Департаменти «Нерўгоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ»-и ШСХК «Барқи тоҷик» дар соли 2016 дониста шуда, соҳиби Ифтихорнома гардид.

«Соҳил» ҷомеаи меҳнатии НБО «Дўстии халқҳо»-ро бо ин ғолибият таҳният намуда, барои барқчиён музаффариятҳои тоза ба тоза таманно дорад!

АДРАСМОН. Варзиш гарави саломатӣ буда, ҳар нафаре, ки ба тарбияи бадан машғул мешавад, ҳам ҷисман ва рўҳан солим мебошад.

Бо дарназардошти аҳамияти варзиш барои наврасону ҷавонон тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба қарибӣ дар кўчаи Темурмалики шаҳраки Адрасмон майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми соли 2016 ба маблағи 2 миллиарду 129 миллиону 523,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати соли қаблӣ бо нархҳои амалкунанда 142,3 фоизро ташкил дод.

Ин нишондиҳанда аз нақша ба маблағи 633 миллиону 341,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Соли 2016-ум аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 16-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,8% то ба 282,0% расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд.

-Соли 2016 ба 3429 нафар ба маблағи 462561 (чорсаду шасту ду ҳазору панҷсаду шасту як) сомонӣ ёрии яквақтаи моддӣ расонида шуд.

-Соли 2016 корхонаҳои саноатии шаҳр бо 22 кишвари ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ дошта, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба маблағи 150 миллиону 059,9 ҳазор доллари ИМА, воридот бошад 32 миллиону 404,4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 4,6 маротиба зиёд гардидааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1272
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3340
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:22416
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:41324
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:113309
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106078
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9779069

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?