Ба сарзамини биҳиштосои мо боз баҳор омад. Бо фаро расидани ин фасли зебои сол тадбирҳои тозаю озода намудани атрофи коргоҳу манзили зист, кӯчаву маҳаллаҳо ва шинонидани гулу ниҳолон оғоз ёфта, мардум шанбегиҳо мегузаронанд.
Дар робита ба ин амалҳои шоиста ва ҷонибдори аз иқдоми «500 рӯзи меҳнати зарбдор» тамоми бошандагони шаҳр рӯзи шанбе якдилонаю сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, нармкунии бехи дарахтон ва тоза кардани саҳни биноҳо аз партов машғул шуданд. Аз ҷараёни хуби кор возеҳ буд, ки шаҳрвандон ба нишонаи хоси баҳор, зиндашавии табиат ва ба зиндагиву ояндаи нек дилгармона саъй доранд, то ҷашни Наврӯзи байналмилалро сазовор истиқбол ва дар ободии диёри азиз саҳми хешро гузоранд.






Чоруми март дар Кохи Истиқлол бо иштироки Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ба истиқболи Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҷашни Рӯзи Модарро, ки ба оғози баҳори нозанин рост омадааст, ба кулли сокинони шаҳр, бахусус ба модарону хоҳарон самимона шодбош гуфта, таъкид дошт: имрӯз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар хотиррасон менамоям:
Модарон ва хоҳарони арҷманд!
Дар МТМУ №13 шаҳраки Адрасмон бо сармавзӯи «Ватанам-Тоҷикистон» машғулияти 92-умини маҳфили муштараку сайёр, илмию методӣ, амалию назариявӣ ва ҳуқуқию доимоамалкунандаи «Корвони маънавиёт» ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар толори варзишии МТМУ №3 бахшида ба Рӯзи Модар мусобиқаи волейбол таҳти шиори «Оилаи солим, ҷомеаи солим» байни духтарон ва писарон байни 6 даста гузаронида шуд. Дар фарҷоми мусобиқа дастаҳои ғолиб бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.














