09 Ноябр 2018
Ҳумайро гуфтааст, мухолифи низом аст, низоме, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ба ин маънӣ, худро мухолифи давлату ҳукумати Тоҷикистон эълон кардаву шарҳҳоеро ҳам барои худсафедкунӣ пеш овардааст. Аммо он чӣ ки аз гуфтугӯи ӯ бармеояд, комилан чизи дигар аст.
Матлаби гуфтугӯи тарҳрезишудаи Ҳумайрои Бахтиёр бо Кӯри Юнус (муаллиф ё ташаббускори ин суҳбатро дар Тоҷикистон айнан ҳамин тавр мешиносанд)-ро, ки дар пойгоҳи такфирӣ-иғвобарангези “Кимиёи саодат” нашр шуд, хондам.
Дар омади гап, дар бораи ин сомона маълумот хондам. Аслан, ин сомона марбут ба як хадамоти ҷосусии Эрон аст, ки бо ҳадафи амалисозии барномаи шиасозии кишварҳои суннимазҳаб роҳандозӣ шудааст. Кӯри Юнус ҳам, ки кайҳо марбут ба низоми шиаи Эрон аст, барои ин сомона ва муқобили манфиатҳои давлати Тоҷикистон фаъолият кардани он маблағи бузургеро аз буҷаи давлати Эрон – маблағе, ки эрониҳо ҳамчун андоз мепардозанд, дастрас кардааст. Ин маълумоти як сомонаи эрониёни муқими Аврупост.
Аммо он чӣ ки марбут ба худи Кӯри Юнус аст, ба иловаи маълумоти бешумор оид ба шиагароиву шиасозии ӯ инро метавон илова кард, ки “Юнусро барои шӯстани ҷурми пулшӯӣ ва дуздии моликияти ҷамъиятӣ роҳии Лубнон ва вобастаи “Ҳизбуллоҳ” карданд”.
Ба гуруҳи террористӣ вобаста кардани нафаре, ки ба гуфтаи худаш, ба қаламу қоғаз сарукор дорад, чӣ маъние метавонад дошта бошад? Дарвоқеъ, суолест, ки барои ба он посух гуфтан имону виҷдон бояд азоб кашад.
Аммо он чӣ ки марбут ба “мусоҳиба”-и Ҳумайрост, чанд диду мушоҳида ва хондаамро ҳамчун далел пешорӯи хонанда мегузорам. Далелҳо воқеиянд ва мутмаинам, ки мухотабамон воқеияти худро дарк мекунад, агар то ин замон дарк накарда бошад.
Шояд пурсида шавад, ки Ҳумайро кист ва чаро чанд андешаи ба ӯ таҳмилшуда метавонад мисли ман нафареро ба навиштани вокуниш водор намояд. Ҳумайро собиқ хабарнигорест, ки як замон навиштаҳояш чанд хонанда доштанд. Инро намешавад инкор кард, чун бо истифода аз озодии сухану матбуоте, ки дар Тоҷикистон ҳаст, ӯ тавонист ба ҳадди барои худашу лӯхтакҳои наҳзатӣ зарурӣ ба танқиду пастзании давлату миллати тоҷикон даст занад. Чизе, ки барои фармоишгаронаш сахт мақбул буду ҳаст. Ҳамон чанд хонандае ҳам, ки зикрашон рафт, аслан, наҳзатиҳоеанд, ки бо дастури роҳбари акнун фирориашон Муҳиддин Кабирӣ маҷбур буданд, нашрияҳоеро, ки бо имзои Ҳумайро чизе нашр мешуданд, харидорӣ кунанд.
Яъне, дар Тоҷикистон касе бо Ҳумайро мушкил надошт, касе ба ӯ таваҷҷуҳ намекард, ба фаъолияташ дахолат намекарданд, озодона менавишт, мегуфт, мегашт. Ду омиле, ки ӯро водор кард, ба Аврупо равад, ин аст, ки аввалан, ӯ аз қабл дар бораи машҳур шудан зиёд мегуфт, мехост дар борааш зиёд гӯянд, “ман бояд аз дигарон фарқ дошта бошам, маро шиносанд” мегуфт. Яъне, “бемории маъруфият дошт”. Омили дуввум ин ҳамон Кабирӣ ва ишқи ӯст, ки Ҳумайроро маҳз ба Олмон – ҷое, ки дур аз ватан, аммо наздиктар ба Кабирӣ аст, бурд (ин дурӯғ ё туҳмат нест, поинтар муфассал шарҳ медиҳам).
Гуфтааст, “муддате зери таъқибу фишор фаъолият доштам” ва гӯё ин фишорҳо ба зидди ӯ то ҳанӯз идома доранд. Аз “талоши одамрабоӣ” ҳадс мезанад. Аммо намегӯяд, ки чаро ӯ мавриди таъқиб қарор мегирад, забонаш пеш намеравад гӯяд, ки таблиғгари доираҳои террористӣ буд, бо наҳзату Кабирӣ ҳисобҳои шахсӣ дошту дорад. “Талоши одамрабоӣ” – баҳона ё нархгузориест, ки Ҳумайро хеле арзишманд буданашро мехоҳад таъкид созад. Аммо оё ӯ ба ҷуз Кабирӣ (агар ҳамон ҳам барои ӯ арзишашро гум накарда бошад) даркор аст?
(Дар омади гап, вақтҳои охир дар бархе сомонаҳои иҷтимоӣ аз таваҷҷуҳи Кӯри Юнус ба ҳарами Кабирӣ, ки Ҳумайроро ҷузъе аз он медонанд, гуфтугузорҳо пайдо шудаанд. Шояд ин “мусоҳиба” ҷузъе аз барномаи роҳёбии Юнус ба домони Ҳумайро бошад, чун айни замон ҳарду ҳам ба ҳамдигар сахт ниёз доранд. Инро тасдиқ карда наметавонам, ҳарчанд таъкиди манобеъи дохилии наҳзат бар ин аст).
Дар идомаи суҳбаташ Ҳумайро ба ин ишора кардааст, ки гӯё дар Тоҷикистон болои матбуоту хабарнигорон фишор асту озодии матбуот маҳдуд. Ин дурӯғи маҳз аст, ки кайҳо инҷониб асбобе барои гирифтани “паноҳҷӯ” шудааст. Ҳамин ба ном мусоҳибае ҳам, ки Кӯри Юнус нашр кардааст, ҳамчун “далел” барои гирифтани мақоми “паноҳҷӯ” истифода мешавад. Ин сӯистифода, балки дурӯғ алайҳи журналистонест, ки дар ватан истодаву заҳмат мекашанд, дурӯғ будани ҳар нуқтаи суҳбати Ҳумайроро медонанд, аммо танҳо ба хотири ҳамрайъии касбӣ ё эҳтироми қалам айбу дурӯғи ӯро намегӯянд.
Марбут ба ҳамин мавзӯъ як нуктаи дигари муҳим ин аст, ки дидаву дониста Ҳумайро дурӯғ ва сохтакорона гуфтааст, “Агар вазъи озодии баён ва шеваи фаъолияти расонаҳоро таҳлил кунем, марҳилаи тағйири сиёсати расонаҳо ва оғози фишор ба замони пайдоиши ҳамон санади (протоколи) машҳури 32-20 рост меояд”.
Дурӯғ ин ҷост, ки дар протоколи мазкур, ки марбут ба таъмини амнияти Тоҷикистон ва мубориза ба зидди ифротгароиву пешгирӣ аз амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ аст, ин ҷо ягон ҳарфе дар бораи матбуот, маҳдудияти озодии сухан, фаъолияти расонаҳо ва хабарнигорон вуҷуд надорад. Ин маънои онро дорад, ки Ҳумайро ин назарашро маҳз аз дидгоҳи ТТЭ ҲНИ баён доштаву манфиатҳои ин ташкилоти террористиро ҳимоя карданист.
Ин маънои онро дорад, ки Ҳумайро дурӯғ мегӯяд ва ошкоро аз ТТЭ ҲНИ пуштибонӣ мекунад. Манфиатдории ӯро осон дарк кардан мумкин аст, ки қабл аз ҳама, ба муносибатҳои зич – аз маблағгузориву сафархарҷиҳо то ба ҷогаҳу таҳпӯшхариҳои Кабирӣ барои Ҳумайро марбутанд.
Ва акнун дар мавриди ин ки Ҳумйаро худро мухолиф эълон кардааст ва... ба Олмон рафтанашро маҳз ба мухолиф буданаш рабт додааст. Бемантиқтар аз ин андеша дидаед, ки “Охир, агар мухолиф набудам, то Олмон чаро меомадам?!” Яъне, аз дидгоҳи ӯ ҳар нафаре, ки ба ҳукумат бо назари мухолиф менигарад, бояд ҳатман бо ҳукумат мушкил ба вуҷуд оварад ва ба Аврупо фирор кунад. Шеваи шинос. Наҳзатиҳо айни ҳамин корро карданд ва таври маълум, фирорӣ шудаву худро ӯуломи дари аврупоиҳо карданд.
Аз сӯйи дигар, чаро бояд мухолиф шудаву фирор кунӣ? Магар Зоиров мухолиф нест, Қудратову Ҳакимов чӣ? Чаро инҳо фирор накарданд? (Дар омади гап, чанде пеш яке аз наҳзатиҳо нақл кард, ки Кабирӣ дарди дил кардааст, “ҳама пешам барои пурсидани пул меоянд, каму беш чизе ки дорем, медиҳем ва баъд рафтаву ҳар ҷо мегӯянд, ки Кабирӣ хасисӣ карду пул надод. Ман, ки имкони ба ҳамаи онҳо пул доданро надорам”).
Агар пазирем, ки имрӯз ватан ба мушкил дучор аст, оё фирори Ҳумайрову ӯ баринҳо ин маъниву андешаро ба вуҷуд намеорад, ки ватанро дар вақти мушкил партофта гурехтанд? Ва ҳар вақте мушкилот бартараф шуд, бармегарданд (ин иддаои худи онҳост – аз Ҳумайро сар карда, то ба Кӯри Юнусу Кабириву думравҳояш), яъне, дигарон ватанро обод кунанду онҳо биёянд, лофи ватандорӣ бизананд? Оё ин камтар аз хиёнат ба ватан аст?
Акнун дар мавриди ин ки чаро Ҳумайро маҳз ба Олмон рафт? Ба назарам, матолибе, ки қаблан зери унвонҳои “Ишқи беҷавоби Ҳумайро”, “Аз мукотиботи Ҳумайро бо Кабирӣ”, ҷанҷолҳои Ҳумайрову Ҳарамгул ва ҳамчунин беш аз 50 саҳифаи гуфтугӯи фейсбукии Ҳумайрову Кабирӣ нашр шуданд, бисёриҳо огоҳанд. Фикр намекунам, ки ин ҳама тасодуф бошанд. Дигар ҳамин аст омили асосии ин ки Ҳумайро рафт ба Олмону акнун барои ба оғуши Кабирӣ комгор шудан эълон кард: ман мухолифам.
Хиёнат ба ватану пушти пой задани арзишҳои миллиро табрик намекунанд, балки ба омилонаш лаънат мефиристанд. Ин қонуни давлатдорист, ки аз ҳазорсолаҳо қабл ба ин тараф идома дорад.
Ман ҳам Ҳумайроро табрик намекунам.
Диловари Рауф, коршиноси умури иҷтимоӣ