Матни равон

Чархаи аввали Иншооти аср НБО-и Роғун, инак, рўзи 16 ноябри соли 2018 ифтитоҳ меёбад ва тамоми сокинону шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ин санаи таърихиро солҳо боз интизорӣ мекашиданд, бо хушҳолию тантана онро ҷашн хоҳанд кард. Аммо гурўҳи кўчаке, ки дар фазои иттилоотӣ ва сиёсии кишвар таҳти унвони «наҳзатиён» шинохта мешаванд, аз ифтитоҳи чархаи якуми пружаи аср маъюс мешаванд ва дуди оҳу афғонашон ба осмон мепечад. Бакордароии чархаи аввали НБО Роғун барои ин тоифа малоли хотир аст ва муҳимтар аз ин, фоҷеа мебошад. Ба дунболи ин, наҳзатиёни террорист ба ҳеҷ ваҷҳ, ин гуна тарҳҳои бузургро, ки манофеи миллию мардумиро ифода мекунанд, ҷонибдорӣ намекунанд. Фаъолони ТТЭ ҲНИ мунтазам дар фазои маҷозӣ вобаста ба сохтмони ин иншооти муҳим матолиби писхандомезу кинояангез интишор медоданд. Решаи нотавонбинии ин тоифа дар методикаи тафаккурии онҳо, ки бар асоси таассуботи мазҳабӣ созмон ёфтааст, зоҳир мегардад. Ҳарчанд ки аксарияти наҳзатиён дар хориҷ аз кишвар бо либоси модерн ва тарзи суханронии аврупоӣ мусаллат шудаанд, решаи тафаккури онҳо тағйир наёфтааст. Онҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи аврупоиён ва элитаи сиёсии ғарбӣ аз приёмҳои муассири имрўзӣ истифода мебаранд, то воқеиятҳои даруниашон пинҳон бимонад ва радди маърака нагарданд.

Бигзарем, роҳандозии муҷаддади пружаи Роғун ва ба кор даромадани чархаи якуми он ҳадди ақал ба чанд далел оромии рўҳию равонии наҳзатро аз байн мебарад: якум, нақшаю барномаҳои сиёсию идеологии онҳоро, ки алайҳи давлату миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, нақше бар об мекунад; дуюм, раванди таблиғоти густурдаи иттилоотию хабарии наҳзатро, ки дар чанд расона, сомона ва пойгоҳи таҳлилӣ мутамарказ шудааст, заиф месозад ва мояи нигаронии бештари муҷриёни дастгоҳҳои хабарию таблиғии онҳо мегардад; сеюм, баланд рафтани сатҳи тавоноиҳои энержии давлати Тоҷикистон сатҳу сифати ҳамкориҳои кишварҳои қудратманди минтақа ва ҷаҳонро бо давлати мо боло мебарад ва ин ҳолат, на танҳо ба наҳзат ва сарпарастони пружаи наҳзатӣ маъқул нест, балки фаъолияти минбаъдаи онҳоро зери суол мебарад; чорум, наҳзат, ки аз нотавонии иқтисодӣ ва энержии давлат ҳамеша муғризона интиқод мекунад, бо ба кор даромадани чархаи якуми пружаи аср – Роғун назди пуштибонони шарқию ғарбии худ  камнуфуз ва ё, аслан бенуфуз мегардад; панҷум, ҷомеаҳои маданӣ ва шаҳрвандии аврупоӣ, ки роҳбарияти сиёсии наҳзатиро хеле сатҳӣ мешиносанд, ба пучу бамаънӣ будани иддаоҳои наҳзатӣ, ки ҳамарўза дар расонаҳою пойгоҳҳои иттилоотии ба худаш наздик анҷом медиҳад, бовар ҳосил мекунанд ва ин вазъ охири кори наҳзат дар масри ба даст овардани эътимоди аврупоиён хоҳад буд.

Хулоса, роҳандозӣ гардидани пружаи Роғун ва ба кор даромадани чархаи аввали он зарбаи муҳликест, ки ТТЭ ҲНИ ҳеҷ интизорашро надошт.

Ба умеди ободии кишвар ва хушрўзии ҳамватанон,

 

Саид Носир, коршинос

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2439
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2439
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53576
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8263088

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?