19 Декабр 2018
Илова бар ин, ҳиҷобпўшӣ ҳоло маънии динмадорӣ ва ботақвоии занро нишон намедиҳад. Аз назари оморӣ, занҳои сатрпўш ё риёкорӣ мекунанд, ё иҷборӣ онро ба сар мекунанд ва ё ҳадафмандона муборизаи идеологӣ мебаранд ва борони эътирози динӣ-мазҳабӣ ва эътиқодии худро рўйи ҷомеа мерезанд. Ин масъаларо дастак карда, ба дастуру қавонини давлатӣ часпидан ва озодиҳои мазҳабиро баҳона пеш оварда, даъвиҳои хатарноки мазҳабиро таҳаққуқ бахшидан ба манфиати миллат ва халқи тоҷик набуду нест. Дигар ин ки ҷанги сарди сатру бесатрӣ дар ҳама давру замон буду ҳаст ва аз он ҳангома сохтан мумкин нест. Аз ҳама муҳим, мо дар давлати миллӣ, дунявӣ ва секулорӣ зиндагӣ мекунем ва арзишҳои секулорӣ назар ба арзишҳои динӣ-мазҳабӣ инсонитар ва миллитаранд. Вобаста ба ин, ҳар падидае, ки зидди арзишҳои секулорӣ ва инсонӣ аст, дар доираи қавонини давлатӣ ҷилавгирӣ мешавад.
Таҳлилгари дигар ба исми Файзинисо Воҳидова, ки ҳуқуқшинос аст, гўиё ки ғамхори халқ ва аз ҷумла занон мебошад. Сатр аз рўймоли тоҷикӣ фарқ мекунад ва касе рўмоли тоҷикиро манъ накардааст. Баръакс, рўмоли тоҷикӣ, ки метавон онро як навъ рўсарии зебои миллӣ унвон кард, асрҳо зани тоҷикро оро додааст. Агар ба навиштаи Шишов (китоби «Тоҷикон» ном дорад ва он ба забони тоҷикӣ нашр шудааст) таваҷҷуҳ намоем, дармеёбем, ки дар навоҳии кўҳистони тоҷик рўймоли тоҷикӣ занони маҳаллиро зеб медодааст ва дар маъракаю чорабиниҳои идона ва арўсӣ занон ин рўсариро истифода мебурдаанд. Агар Воҳидова, ки худро ҳамадон менамоёнад, ин навъ либоспўширо, ки дар зеҳнияти тоҷикӣ ҷойгоҳи вижа дорад, тарғиб кунад, ҷойи гила ва баҳсу мунозира нест. Аммо гап дар ин аст, ки ҳуқуқшиноси тоҷик, ки аз миллият дам мезанад, сарфаҳм намеравад, ки пушти сатру ҳиҷоб чӣ нақшаҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ қарор доранд. Шояд донад, вале ба хотири як зани мусалмон эътироф шудан, бозиҳои пасипардагиро, ки бо сатру ҳиҷоб ва риёкории саросарӣ алоқаманданд, нодида мегирад. Баъдан Воҳидова аз занони Ирону Афғонистон ёдовар мешавад ва ҳатто дарк намекунад, ки ҳамарўза ҳазор зани иронию афғонӣ садо аз беадолатии охундону рўҳониён мезананд ва барои поймол шудани ҳуқуқҳояшон мешуранд. Чунин ҷуръатро Воҳидова ва Воҳидоваҳо дар ҳазор соли дигар пайдо намекунанд. Масоиле, ки занону бонувони иронӣ ва афғонӣ баҳс мекунанд ва хатти марказии мабоҳиси онҳо берун рафтан аз вартаи хурофоту таассуби мазҳабӣ аст, Воҳидова ҳатто дар хобаш дидан намехоҳад, зеро ки мафкураи танги мазҳабӣ дорад ва ормонҳояш на миллӣ, балки мазҳабианд. Ба ин мазмун:
Диндорӣ агар ҳаст, бубин, ишқи Худо аст,
Не сатр, ки сарчашмаи найрангу риё аст.
Фаридун Ориёӣ