Матни равон

Санаи 01.10.2026 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва татбиқи саривақтии нақшаву чорабиниҳои пешбинишуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Субҳи имрӯз, 01.10.2026 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон маросими ботантанаи гусели даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода даъватшавандагонро ба ин муносибат таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми августи соли 2026, №1221 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2026 ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Имрӯз, 01.10.2026 дар шаҳри Гулистон ба ифтихори гусели наваскарон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии идона ҷавонони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, сарбозони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва даъватшавандагон иштирок намуданд.

Роҳпаймочиён бо шиору овезаҳо аз назди Майдони Парчами давлатии шаҳр то ба назди Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр роҳпаймоӣ намуданд.

Бо мақсади амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, таҳти рақами 1221 "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати

ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" ва қарори дахлдори раиси вилояти Суғд як қатор тадбирҳо роҳандозӣ карда шуд.

Маҳз самараи фаъолияти шоистаи масъулини ситоди шаҳрӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дарки падару модарон буд, ки шаҳри Гулистон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввали даъват 100 фоиз иҷро намуд. Фарзандони далеру шуҷои шаҳр бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ рафта, нишон медиҳанд, ки барои ҳифзи Ватан омодаанд.

Санаҳои 25-ум ва 26-уми сентябри соли 2026 беш аз 500 нафар кормандони МИҲД, соҳаи маориф, фарҳанг, маркази назорати давлатӣ санитарию эпидемиологӣ, маркази саломатӣ, беморхонаи марказӣ, КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр, ҷамоати шаҳракҳои Консой, Чоруқдаррон ва Адрасмон дар ноҳияи Ашт дар ҷамъоварии тиллои сафед дар Хоҷагии деҳқонии "Муфтоев" саҳмгузорӣ намуданд. Дар Хоҷагии деҳқонии "Муфтоев" дар 84 гектар замин пахта кишт карда шуда, бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосил ғундошта шуда истодааст.

Хоҷагидорон бо истифода аз рӯзҳои мусоиди тирамоҳӣ ҳосили расидаро ҷамъоварӣ намуда истодаанд ва сокинони шаҳри Гулистон баҳри беталаф ҷамъоварии ҳосил ба деҳқонон кумак намуда истодаанд.

 

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:972
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5069
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:27358
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22357
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:99517
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10169999

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?