Матни равон

Имрӯз 7-уми октябри соли 2026 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Гулистон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Муслимахон Ҷамолиён – муовини Раиси шаҳри Гулистон, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдумалик Қурбонзода – сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Марказ ва Розиқхӯҷа Мусозода – сардори шуъбаи қонунгузорӣ, молия, гумрук ва андози Марказ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Имрӯз, 5-уми октябри соли 2026 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бо иштироки омӯзгорон, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо баргузор гардид.

Бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии ботантана оғоз гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон табрик намуд.

Зикр гардид, ки масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад.

Омӯзгорони арҷманд!

Касби омӯзгорӣ, фаъолияти ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ ва заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори иззату эҳтиром мебошад.

Омӯзгор машъали фурӯзон аст, ки тинати мардумро нур мебахшад. Нақши омӯзгор, махсусан дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон ба маротиб афзуд.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии муассисаҳои таълимӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

2-юми октябри соли 2026 тибқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор Конференсия илмӣ назариявӣ таҳти унвони “Нақши омӯзгор дар таҳкими забони давлатӣ” бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон баргузор гардид.

Дар кори конференсия Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, устоди Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Сафарзода Мулоохун Бурҳонӣ ва мудири шуъбаи ҷавонони кумитаи иҷроия Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Имрӯз, сеюми октябри соли 2026 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.

Зимни қабул шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба шаҳрдор муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, сокинон вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин ва манзили истиқоматӣ, ҳалли баҳсҳои марбут ба моликияти шахсӣ ва амсоли инҳо суолҳо дода шуд.

Раиси шаҳр ҳар як муроҷиатро мавриди омӯзиш қарор дода, ба нафарони масъул ҷиҳати баррасии ҳамаҷониба ва андешидани чораҳои мушаххас супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои шаҳрвандон ва расонидани кумаки амалӣ ба онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба шумор меравад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:220
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4230
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:220
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:42572
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:42792
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:132702
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10245976

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?