
Рӯзи кормандони мақомоти судро, ки ҳамасола 26 октябр таҷлил мегардад, ба кормандони мақомоти Суди шаҳр самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, хушбахтии рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияту пуршарафи хизматӣ комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Адолат яке аз арзишҳои бунёдии ҷомеаи инсонӣ ва муҳимтарин шарти пойдории давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун ва фароҳам овардани имконияти ҳимояи боэътимоди судӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мақомоти суд ба шумор мераванд.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ташаккул ва рушди ҳокимияти судӣ бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр робитаи ногусастанӣ дорад. Истиқлол ба мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки низоми мустақили ҳуқуқии худро ташаккул дода, фаъолияти мақомоти давлатиро дар асоси арзишҳои миллӣ ва меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқӣ ба роҳ монад.






22-юми октябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон, ки роҳбарии онро муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба уҳда дорад, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо» баргузор гардид.
Имрӯз, 22 октябри соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, аъзои Шӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода, сардори шуъбаи шаҳри Гулистони РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров, сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Гулистон Мирзоватан Раҳимзода ва сардори нозироти андози шаҳр Исмат Холов иштирок намуданд.
Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор гардид.
Имрӯз, 17-уми октябри соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.















