Имрӯз, 02 сентябри соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Дар иҷлосияи 7-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
1.Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳо 2023-2030” дар шаҳри Гулистон.
2.Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр доир ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг.
3.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавза интихоботии “Маърифат” №27 Муҳаббатов Амир Муҳамадшоевич оид ба ваколатҳои вакилӣ.
4.Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳр дар соли 2026.
5. Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр.






Санаи 01.09.2026 дар остонаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар ҶДММ "Заводи металургии тоҷик" хати нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд.
Санаи 25 августи соли 2026 дар толори Ҷамоати шаҳраки Сирдарё вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода бо фаъолони шаҳрак баргузор гардид.
Санаи 25.08.2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи кории назди Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.
Санаи 24 августи соли 2026 дар толори ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой" дар шаҳраки Зарнисор вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо фаъолони шаҳрак баргузор гардид.

















