Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода санаи 06.01.2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба варзишгоҳои марказии шаҳр ташриф оварда бо ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ он шинос гардид.
Варзишгоҳи марказии шаҳр бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҷдиду азнавсозӣ гардида истодааст.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати таъмири босифат, аз ҷумла чамани майдон, нишастгоҳҳо, ивази рахтҳои нишаст бо курсиҳои нав, чароғонкунӣ ва ободонии гирду атрофи он бо мақсади ҳамҷониба омода намудани варзишгоҳ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ дастур дод.






Имрӯз, 31.12.2025 дар қисми ҳарбии 0216-и дидбонгоҳи сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Адрасмон чорабинии идона бахшида ба Соли нави мелодии 2025 баргузор карда шуд.
Ҳамшаҳриёни азиз!
Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар шаҳри Гулистон тадбирҳои муассир андешида шудааст.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар остонаи таҷлили Соли нави мелодии 2026 ба кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр кумаки якдафъина иборат аз маводи маводи ғизоӣ тақдим карда шуд.














