Матни равон

14-уми марти соли 2026 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.
Зимни қабул шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба шаҳрдор муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, сокинон вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин ва манзили истиқоматӣ, ҳалли баҳсҳои марбут ба моликияти шахсӣ ва амсоли инҳо суолҳо дода шуд.

Санаи 14.03.2026  Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ҳайати кормандони мақомоти прокуратураи шаҳрро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгори осуда ва дар иҷрои  рисолати пуршарафашон барору комёбӣ таманно намуд.
Зикр карда шуд, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.
Аз ин рӯ, таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳайати кормандони прокуротураи шаҳрро бо ҷашни касбӣ - Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборакбод гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгори осуда ва дар иҷрои  рисолати пуршарафатон барору комёбӣ таманно менамояд.
Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст. Таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад.

13 марти соли 2026 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шунавандагони курси омӯзишии пайравони Пешвои миллат дарси навбатӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ” баргузор карда шуд.
Дар дарси мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон ва  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Рӯзи матбуоти тоҷик 11-уми март таҷлил гардид. Дар он Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода, фаъолон, собиқадорон, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурию вилоят ва аҳли эҷодӣ нашрияи “Соҳил” иштирок доштанд.

Илҳом Пӯлотзода ҳини шодбошӣ нақши матбуотро дар инъикоси ҳаводиси замон, рӯйдодҳои муҳими ҷомеа ва расондани иттилооти солиму таҳлилшуда муассир арзёбӣ кард.

- Дар таърихи беш аз садсолаи мавҷудияташ матбуоти тоҷик рисолати худро содиқона ба ҷо оварда, имрӯз ҳам мавқеи устувор ва ҷойгоҳи хос дорад. Мақому мавқеи матбуот, пеш аз ҳама, аз таҷрибаи пешқадаму бойи он сарчашма мегирад, -таъкид дошт, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:147
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2265
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2412
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:99433
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9659115

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?