Санаи 29.04.2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба Ҷамоати шаҳраки Зарнисор ташрифи корӣ доир намуда аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Нахуст аз МДТТ "Офтобак" кӯдакистони №9 дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар кӯдакистон 70 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд ва бо таъмиру азнавсозии кӯдакистон 100 нафар кӯдакони дигар ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Кӯдакистони мазкур бо дастгирии ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой" таъмиру азнавсозӣ мегардад. Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода зимни шиносоӣ бо вазъи муассиса ва лоиҳаи ангории он ба масъулин барои босифат ва то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расонидани корҳои таъмиру азнавсозӣ дастур дод.






Санаи 27 апрели соли 2026 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол" Ҷаласаи васеи Комиссияи ҳудуди муқовимат бо савдои одамон" бо иштироки фаъолон баргузор гардид.
Имрӯз, 23 апрели соли 2026 дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Шоҳномахонӣ" оғоз гардид.
Санаи 22.04.2026 дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тибқи Барномаи амали мақоми ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2026, машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ ва қабули шаҳрвандон аз ҷониби ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” баргузор карда мешавад.
Санаи 22 апрели соли 2026 дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд дастаҳои "Гулистон" ва "Спитамен" барои ба даст овардани Суперҷоми вилоят-2026 рақобат намуданд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба охир расида, дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон ғолиб омада, Суперҷоми вилоят-2026-ро соҳиб шуд.














