Матни равон

Дар майдони “Тоҷикистон ба пеш!” мулоқоти идонаи Илҳом Пӯлотзода бо поккорон доир гашт. Басо рамзист, ки табиатро баҳори нозанин, гулу себаргаҳои сар ба боло кардаву ба машом бӯи муаттари гулҳо мерасад, чун фоли нек дар фаъолияти кориву рӯзгорашон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба кулли бонувони КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, ки тозагию озодагии кӯчаву хиёбон, гулгашту роҳравҳо маҳз аз фаъолияти шабонарӯзии ин занону духтарон иртибот мегирад, бо як самимияти хоса армуғони баҳорона тақдим кард.
Ҳамзамон, шаҳрдор ҷиҳати боз ҳам талош варзидани онҳо дар сабзу хуррамии шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” таманнои нек намуда, бо фарорасии Баҳори дилрабо ва Рӯзи модар таҳният гуфт.
Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Убайдзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилоят Зулфиқор Тоҳиров низ ширкат варзиданд.

Модарон ва хоҳарони азиз!
Фарорасии фасли зебои сол – баҳори оламафрӯз ва ҷашни модаронро ба ҳамаи Шумо модарону хоҳарони мушфиқ табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям.
Зан-Модар баҳор аст. Маҳз, ба хотири хислатҳои ҳамидааш ӯро  Модар номидаанд, зеро гармидиҳандаву тасаллидиҳанда, наҷотбахшу  дармондиҳандаи мост.
Модарону хоҳарони гиромӣ!
Шумо пайвандгари наслҳову замонҳои имрӯзу фардои ҷомеа ва ҳусни зеботарин сафҳаи китоби зиндагӣ ҳастед. Дар раванди нави таърихиву сиёсии Тоҷикистон занон мақому манзалати худро шинохта, фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои тоза фазои ҷомеаи моро таровати хоса мебахшанд.

Чунин ном дошт озмуне, ки бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани мақоми Зан – модар, омӯзгор, роҳбар, рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва маънавии онҳо баргузор гардид.
Ин чорабинӣ дар байни бонувони корхонаю муассисаҳои таълимӣ дар фароғатгоҳи “Манижа” доир шуд.
Ҳадаф ва вазифаҳои озмун муайян намудани беҳтарин омӯзгор, роҳбарзани фаъолу эҷодкор, тақвияти нақши зан дар ҷомеа, рушди фарҳанги суханварӣ, зебоипарастӣ ва ҳунарҳои миллӣ буд.

Санаи 4 марти соли 2026 дар доираи нақша чорабинии Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи модар дар толори Мактаби санъат конфронс дар мавзӯи “Модар фаришта буд” баргузор гардид.
Ҳамоиши бонувонро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки  дастгирию ғамхорӣ ва тадбирҳои созандаи баланд бардоштани мақоми занонро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вижа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад
.
Мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Фарангис Ғаффорзода дар кори конфронс бо маърӯза баромад намуда, зикр дошт, ки яке аз шахсиятҳои барҷастаи илми ҷаҳонӣ Алберт Эйнштейн гуфтааст, ки танҳо муҳаббати модар ба фарзандаш муҳаббати ҳақиқӣ ва беғараз мебошад. Ҳамин аст, ки бузургони гузашта ҷойгоҳи маънавии биҳиштро дар зери қадамҳои модарон донистаанд, яъне эҳтироми модар ва хизмат ба ӯ роҳ ба сӯи хушбахтӣ ва биҳишт аст.

Дар арафаи ҷашни фархундаи Рӯзи Модар, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад, дар шаҳри Гулистон силсила чорабиниҳои идона идома доранд. Яке аз чунин маҳфилҳои гарму самимӣ дар бинои адлияи шаҳр бо иштироки занону бонувони фаъол, собиқадорони меҳнат ва ҷавонон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади гиромидошти мақому манзалати ҷойгоҳи зан дар ҷомеа, арҷгузорӣ ба заҳмату фидокориҳои модарон ва баланд бардоштани эҳтиром нисбат ба тарбиятгарони насли ояндасоз фарогир буд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2819
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1555
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8352
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:36087
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:79121
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9532598

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?