Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар шаҳраки Сирдарё бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ доир ба тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, устувор нигоҳ доштани давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби андешаи миллӣ, вусъати корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштан хонаву манзили шахсии сокинон, самаранок истифола бурдани заминҳои наздиҳавлегӣ, даъват ба корҳои ободониву созандагӣ таъкид карда шуд.






Санаи 17 майи соли 2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими тобистон дар истироҳатгоҳи «Шоҳин» шиносоӣ намуд.
Бо мақсади амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, №403 “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2027” ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар шаҳри Гулистон аксияи васеъи иттилоотӣ таҳти шиори «Инсон ҷоизи савдо нест!» ва «Ҷавонон зидди савдои одамон» баргузор гардид.
Дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ғолибони Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ, ки аз рӯйи чор зинаи синну солӣ мардон ва бонувон байни ҳам рақобат намуда, ғолибон муайян гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 "Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ", ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барои солимӣ ва оммавияти варзиш эълон гардидааст, субҳи имрӯз, 17. 05.2026 дар шаҳри Гулистон маъракаи оммавии варзишии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир гардид. 















