Имрӯз, 18.02.2026 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббии шаҳр баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Бобоҷонов Музафар собиқадори хизмати ҳарбӣ, Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, Алиев Ҷамшед намояндаи комиссарияти ҳарбии шаҳр ва Алиев Қурбонбой муовини директор оид ба корҳои тарбиявии коллеҷи тиббии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ВОХӮРӢ ДОИР БА ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲР
- Баргузории конференсияи илмӣ -амалӣ оид ба 12 феврал "Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад”
- НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШУРОИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА ВА КОР БО НОБОЛИҒОН






Санаи 13 феврали соли 2026 ба муносибати 37-умин солгарди Рӯзи баровардани нерӯҳои низомии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ аз хоки Афғонистон бо иштироки ҷанговарони байналмилал дар тарабхонаи "Манижа" чорабинӣ доир гардид. Муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода дар чорабинии мазкур иштирок намуда, иштирокчиёнро ба ин муносибат муборакбод гуфт.
Дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ идома ёфта, дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр ва гардиши ба сӯйи осоишгоҳи "Баҳористон" беш аз 1200 бех санавбари элдорӣ ва 15000 бех ниҳоли гули садбарг шинонида шуд.
Санаи 06.02.2026 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин пешгирии паҳншавии андешаҳои ифротгароӣ ва хушунатомез, тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳои муштараки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон ва қисми ҳарбии 45025-и КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба ташкил ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба 12 феврал “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” дар қисми ҳарбии мазкур конференсияи илмӣ - амалӣ бо сарбозон ва афсарон баргузор гардид.
Санаи 06.02.2026 дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо иштироки муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, мутахассиси шуъбаи дини МИҲД-и вилояти Суғд Нафиса Нурматова, Бобоева Маъбуда корманди Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Матлуба Сатторова ва раиси ҷамоати шаҳрак Мушаррафа Охунова иштирок намуданд.













