Таҳти ин унвон имрӯз, 10.06.2023 намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.
Гулистониён тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, кӯчаҳо ва маҳалли зист корҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд.
Дар шабегии имрӯза аҳли ҷомеаи меҳнатии шаҳр шафати роҳи асосӣ, атрофи корхонау муассиса ва хиёбону гулгаштҳоро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза намуданд.






Имрӯз, 08.06.2023 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид.
Имрӯз, 08.06.2023 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҷиҳати баргузори вохӯриву мулоқотҳо байни корхонаву ташкилотҳо дар толори муассисаи кумаки аввалияи тиббии санитарии шаҳр хониши сиёсӣ доир ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили муттаҳидии миллат” ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа бо иштироки кормандони муассиса баргузор карда шуд.
Имрӯз, 07 июни соли 2023 дар доираи нақшаи баргузории чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо кормандони корхонаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр бо кормандони бахши фарҳанги шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 07.06.2023 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими савгандёдкунии навдаъватшавандагон баргузор гардид.















