Санаи 01.06.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори мактаби санъати шаҳр маҳфили илмию адабии “Адибони Ваҳдатсаро” таҳти унвони “Тоҷикистон – меҳвари сулҳу макони ваҳдат аст” ба ифтихори 26-умини солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур Шарифҷони Саидраҳмон муовини Раиси шаҳр, Саиднабӣ Наҷимӣ шоир, нависанда ва Бароат Маҳкамова дотсенти Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки мардуми тоҷик пас аз ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён санаи 9 сентябри соли 1991 бо эълон гардидани Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон боз аз нав соҳибдавлат гардиданд. Номи Тоҷикистони навин, ки фарзандони ин сарзамин бо илму фарҳанги хеш асрҳо қалби оламиёнро тасхир намуда буданд дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.






Имрӯз 01.06.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода як қатор кӯдакони ятимро, ки бо амри тақдир аз волидайн маҳрум мондаанд аёдат кард.
Имрӯз, 1-уми июни соли 2023 ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тарабхонаи “Манижа”-и маркази шаҳр бо дастгирии соҳибкорзани маҳаллӣ барои 120 нафар кӯдакони ятим, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат дастархони идона ороста шуд.
Имрӯз, 01-уми июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид. Дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо намоиши омода намудаи кӯдакони муассисаҳои таълимии томактабӣ шинос гардида, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Кӯдакону наврасони хушбахти даврони истиқлол!















