Санаи 17.06.2023 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳкоимияти давлатии шаҳр бо фаъолони шаҳр бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҷаласаи корӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи кории мазкур муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва соҳибкорон иштирок доштанд.
Нахуст муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода доир ба рафти иҷрои нақшаи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Итсиқлоли давлатӣ маълумот дод. Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои Фармони Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022, №311 “Дар бораи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон”, қарори Раиси Вилояти Суғд аз 11-уми феврали соли 2022, №41 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 5-уми марти соли 2022, №76 “Дар бораи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон” ба тавсиб расида, нақшаи чорабиниҳо бо назардошти тағйиру иловаҳо дар 117 иншоот тасдиқ намуда, ҷиҳати иҷрои он корбарӣ намуда истодааст.