Санаи 15.06.2023 муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Муҳаммадӣ Абдусатторзода бо ҳамроҳии гурӯҳӣ корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба рафти корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Консой дидан намуданд.
Гурӯҳи корӣ нахуст аз МТМУ №3-и шаҳрак дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии мазкур соли 1932 сохта ба истифода дода шудааст. Дар муассиса 911 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Тибқи нақша барои таъмири боми муассиса 400000 (чорсад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Алҳол 35 синфхонаи муассиса аз тарафи падару модарон таъмири ҷорӣ карда шудааст. Системаи ягонаи гармидиҳии муассиса насб карда шудааст. Сарулибоси мактабӣ барои хонандагон аз ҶСК “Равшан”, ки дар ҳудуди шаҳрак фаъолият дорад таъмин карда мешавад.






15 июн дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор идораву кумитаҳои давлатӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ машварати корӣ доир намуданд.
Имрӯз, 15.06.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Мақомоти иҷроичи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроичи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори Муассисаи лавлатии "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳр ба ифтихори 26-умини солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони "Ваҳдат - сарчашмаи сулҳу субот" бо иштироки кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, коллеҷи тиббӣ ва воҳидҳои сохторӣ баргузор карда шуд.
Санаи 14.06.2023 роҳбари гурӯҳӣ корӣ оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҷараёни корҳои ободкориву созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон боздид намуданд.
Санаи 14.06.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва "Ваҳдат сарчашмаи сулҳу суботи кишвар" дар Ҷамоати шаҳраки Консой бо аҳли кормандон ва сокинон баргузор карда шуд.














