10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ректори донишгоҳ доктор Муҳаммад Усмон ал-Хошт ва дигар омӯзгорону кормандони донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.
Дар толори донишгоҳ нахуст бо қарори Шӯрои илмиву таълимии Донишоҳи Қоҳира барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Миср, рушду густариши робитаҳои илмӣ, амниятӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ба хусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Доктори фахрӣ” супорида шуд.







10 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.
10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Қоҳира бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд.
Субҳи имрӯз, 11 март бахшида ба 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадори соҳаи матбуот, поягузори рӯзномаи шаҳрии "Соҳил", мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистонро аёдат намуд.














