Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода баҳри амалӣ намудани сиёсати оқилонаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар як қатор модарони собиқадор, дорои имкониятҳои маҳдуд ва фарзандгумкардаро аёдат намуд.
Роҳбари шаҳр аз ҷумла Салима Турғунова ва Рамзия Давлатбоева собиқадори соҳаи маориф ва модари яккаву танҳо, ки фарзандашонро дар раванди барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат аз даст додаанд ба Рӯзи Модар таҳният гуфт.
Модарон баҳри дастгириву таваҷҷӯҳи пайваста ба модарону бонувон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.






Дар доираи чорабиниҳои идона ба ифтихори Рӯзи Модар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳамроҳ бо муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода модарони рӯзгордидаи шаҳри Гулистонро, ки солиёни зиёд дар низоми хизмати давлатӣ ва соҳаи маориф фаъолияти бенуқсон кардаанд аёдат намуданд.
Санаи 5-уми марти соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Дар ибтидо муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Санаи 04.03.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар – бақои ҳаёт” бо иштироки ҷавондухтарони Коллеҷи тиббии шаҳр, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷавондухтарони фаъоли ҷамоати шаҳракҳо, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи раиси шаҳр ва бонувони фаъоли ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
Имрӯз, 5 марти соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бахшида ба Рӯзи Модар як қатор модарони собиқадори шаҳри Гулистонро қадршиносӣ намуданд. 













