10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, тамаддун ва фарзандони баруманди ин кишвар дар шаҳри Қоҳира дар назди муҷассамаи сарбози номаълум ва оромгоҳи собиқ Президенти марҳуми Миср Муҳаммад Анвар Содот гулчанбар гузошта, эҳтиром ба ҷо оварданд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд.
Дар ин маросим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср ҳамроҳӣ карданд.






Муҳтарам собиқадорон ва намояндагони васоити ахбори омма,
Имрӯз, 10-уми марти соли 2022 дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – эҳёгари ҷашни Наврӯз” бо иштироки омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, коллеҷи тиббӣ, соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид ба амал оварданд.
9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар минтақаи Ал — Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “Ти энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) боздид намуданд.














