Ба муносибати таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳи сарҳадии Ҷамоати Навгарзани шаҳри Гулистон Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.
Раис ҷамоати шаҳрак табрикоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокдорон манзур намуд. Хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати шаҳрак аз вазъи будубош ва шароити хидмати сарбозон дидан намуданд. Миёни хонандагон ва сарбозон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид. Ба ғолибон Сипосномаҳо тақдим карда шуд. Хонандагон аз ошноӣ бо вазъи хидмати сарбозон таассуроти нек бардоштанд. Сипас, барои сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 0216 дастархони идона ороста шуд.






Дар толори қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар аснои сафари корӣ бо фаъолони шаҳрак вохӯрӣ доир намуд.
25 феврали соли 2022 бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони якқатор ташкилоту муассиса ва мақомотҳои шаҳрӣ барои шиносои бо вазъӣ соҳаҳои иҷтимоию иҷтисодӣ ба шаҳраки Адрасмон сафари кори анҷом доданд. Шаҳрак дар масофаи 70км дуртар аз маркази шаҳри Гулистон ҷойгир шуда, дорои аҳамият ва манфиатҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Шаҳрак аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ дар қисмати шарқии қаторкӯҳҳои Қурама ҷойгир шуда, бо ноҳияҳои Ашт ва Б.Ғафуров ҳамсарҳад мебошад. Яке аз конҳои калонтарини дорои захираи бузурги сурбу нуқра, машҳур бо номи Кони Мансур маҳз дар ҳамин ҷо ҷойгир шудааст.
25 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ» дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.













