9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ворид шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира меҳмони олиқадр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср самимона истиқбол гирифтанд.






Модарону бонувони гиромӣ!
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода баҳри амалӣ намудани сиёсати оқилонаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар як қатор модарони собиқадор, дорои имкониятҳои маҳдуд ва фарзандгумкардаро аёдат намуд.
Дар доираи чорабиниҳои идона ба ифтихори Рӯзи Модар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳамроҳ бо муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода модарони рӯзгордидаи шаҳри Гулистонро, ки солиёни зиёд дар низоми хизмати давлатӣ ва соҳаи маориф фаъолияти бенуқсон кардаанд аёдат намуданд.
Санаи 5-уми марти соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Дар ибтидо муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.















