Матни равон

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакенти бостониро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи Наврӯз ва анъанаҳои ин ҷашни хусравонӣ андешаронӣ карда, ба мардуми ватандӯсти вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент барои арҷгузорӣ ва идомаи расму оини аҷдодон -созандагию ободонӣ изҳори сипос намуданд.

Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир  ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда намуда истодаанд.

Бо ҳамин мақсад санаи 13.04.2022, дар майдони варзишии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон мусобиқаи мазкур ташкил ва баргузор карда шуд. Масъулинӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва "Мактаби варзиши"-и шаҳр азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр баргузории чунин мусобиқаҳоро зиёд намуда, бо ин васила тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзишро дар шаҳр таъмин намоянд.

Кормандони Хоҷагии манзилию комуналии Ҷамоати шаҳраки Чорукдаррони шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу хуррамгардонидани шаҳрак ва тозаву озода намудани онро аз шафати роҳи Абрешим – гардиши шаҳрак шурӯъ намуда, корҳои ободонӣ, рангу бор ва сафедкунии ду шафати роҳи асосии шаҳрак ва насби шиору овезаҳоро бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати роҳи асосӣ иваз намуда барои зебову тоза нигоҳ доштани шаҳрак фаъолият намуда истодаанд.

Корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар шаҳрак аз ҷониби кормандони Хоҷагии манзилию комуналии шаҳрак ҳамарӯза ба роҳ монда мешавад. Аҳолии маҳаллӣ низ дар рӯзҳои ҳашари дастаҷамъи фаъолона иштирок менамоянд.

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Дар иншооти нави варзишӣ, ки дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд сохта шудааст, 10 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷой кори доимӣ шуданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” беш аз 60 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Масоҳати иншоот 960 метри мураббаъ буда, толори варзишӣ дорои 300 ҷойи нишаст мебошад.

14 апрел дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент Маркази савдо ва хизматрасонии «Убайдулло»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои болоии он манзилҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ ҷойгир карда шудаанд. Қабати якуми иншоот коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши либоси мактабӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Маркази савдо ва хизматрасонии “Убайдулло” бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Асадулло Муродиллоев бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2192
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3590
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9773
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:42928
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:56082
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:132702
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10259266

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?